- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Июл 2022
-
3036
24 сентябри соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-052 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 139) ҳимояи диссертатсияи Эҳсонов Абдушокир Сафарматович дар мавзӯи «Эндопротезгузории буғуми косу рон ҳангоми шикастагиҳои гарданаки рон ва оқибатҳои онҳо ҳангоми остеопорози постменопаузавӣ дар занҳои бисёрзоида» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.15 - Травматология ва ортопедия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139 шинос шудан мумкин аст.