- Пурра
-
Санаи нашр: 08. Июл 2022
-
2048
15 сентябри соли 2022, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Олимиён Сабрина Шамсулло дар мавзуи «Нақши матбуоти даврии тоҷик дар тарғиби фарҳанги миллӣ (дар мисоли нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон» ва «Миллат», солҳои 2010-2015)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.