- Пурра
-
Санаи нашр: 02. Сентябр 2022
-
2628
08 ноябри соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, 44) ҳимояи диссертатсияи Валиев Зафар Ҷурахонович дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ» (дар асоси маводҳои корхонаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734024, ш.Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, 44 шинос шудан мумкин аст.