- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Октябр 2022
-
3372
14 декабри соли 2022, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Ашрапов Баҳодурҷон Пӯлотович дар мавзӯи «Таҳлили қиёсии вежагиҳои морфологии ҳиссаҳои номии нутқ дар забони адабии тоҷикии қарнҳои XVIII ва XX (дар мисоли осори Муҳаммадвафои Карминагӣ ва Садриддин Айнӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқобилавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.