21 январи соли 2022, соати 1000 дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори маҷлисҳои шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Шамсуллозода Шукрулло дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди соҳибкории суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, методология, амалия » барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.06 – Иқтисодиёти соҳибкорӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

03:31, 23rd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930