- Пурра
-
Санаи нашр: 17. Ноябр 2022
-
1196
21 январи соли 2023, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи такрории Шоназарова Дилора Субҳоназаровна дар мавзуи «Таҳлили семантикии консепти “танбалӣ” дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи донишкада бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.