- Пурра
-
Санаи нашр: 24. Ноябр 2022
-
1237
02 феврали соли 2023, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Наимова Фарзона Меҳрубоновна дар мавзуи «Масъалаҳои адабиётшиносӣ дар мукотиботи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.