28 январи соли 2023, соати 09:00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Муҳиддинзода Баҳриддин дар мавзуи “Ҷанбаҳои педагогии идроки фазои визуалии муассисаи таҳсилоти умумӣ ва ҷойгоҳи он дар ташаккули тасаввуроти маънавӣ-эстетикии хонандагон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва китобхонаи академия дар суроғаи 734063, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 126 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

15:32, 3rd July 2024
«  Август 2024  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031