- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Декабр 2022
-
3882
04 марти соли 2023, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ) ҳимояи диссертатсияи Исмоилзода Салоҳиддин Абдулазиз дар мавзуи “Мавқеи конститутсионӣ-ҳуқуқии прокуратура дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.02 — Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститусионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рўдакї, 17 шинос шудан мумкин аст.