- Пурра
-
Санаи нашр: 21. Декабр 2022
-
2368
23 феврали соли 2023, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Ризоева Парвина Сӯҳробовна дар мавзуи «Абумузаффари Абевардӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар таҳаввули адабиёти арабизабони форсу тоҷик (асрҳои XI-XII)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти араб) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.