15 марти соли 2023, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Собиров Абдушукур Абдурасулович дар мавзӯи «Формулаи асимтотикӣ дар муаммои Эстерман барои кубҳои ададҳои содда бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.06 – Мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

03:42, 23rd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930