- Пурра
-
Санаи нашр: 25. Январ 2023
-
2059
31 марти соли 2023, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Сафарзода Эшмати Ҳотам дар мавзӯи «Наздикшавӣ ва суммиронии мутлақи қаторҳои дучандаи Фурйеи функсияҳои қариб даврӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.