- Пурра
-
Санаи нашр: 25. Феврал 2023
-
1200
06 майи соли 2023, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи ошкорои Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб дар мавзуи «Консепти «забон» дар тасвири забонии ҷаҳони тоҷикон (дар асоси маводи забони тоҷикӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рўйи ихтисоси 10.02.19 – Назарияи забон баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.