- Пурра
-
Санаи нашр: 14. Март 2023
-
3718
15 июни соли 2023, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17) ҳимояи диссертатсияи Қурбонализода Нурулло Шамсулло дар мавзуи «Масъалаҳои субъекти ҳуқуқи маданӣ будани шахсони воқеӣ: ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалїӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.