- Пурра
-
Санаи нашр: 14. Март 2023
-
924
15 майи соли 2023, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Одинаев Саидаҳмад Полвонович дар мавзӯи «Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб дар забони муосири тоҷик» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филология бо ихтисоси 10.02.01- Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.