- Пурра
-
Санаи нашр: 01. Апрел 2023
-
2334
08 июни соли 2023, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-028 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Аминов Фируз Мирраҳимович дар мавзӯи «Таъсири титан ва сирконий ба хосиятҳои хӯлаҳои руҳии Zn5Al ва Zn55Al», барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.01 – Маводшиносӣ (05.02.01.02 – саноати мошинсозӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ дар суроғаи 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.