16 июни соли 2023, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D-КОА-47 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Шамсова Бибихосият Қудратовна дар мавзуи “Методикаи ташаккули салоҳиятмандии касбии донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши истилоҳоти иқтисодӣ дар раванди таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08.- Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04-Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

23:56, 22nd July 2024
«  Июн 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30