22 июни соли 2023, соати 10:00 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, к. Бофанда 5/2, маҷлисгоҳ) (Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059) ҳимояи диссертатсияи Наврузшоев Ҳофиз Довутшоевич дар мавзӯи «Таъсири яхбандии муосир ва кӯлҳои баландкӯҳ ба ташаккулёбии маҷрои ҳавзаи дарёи Ғунд (Помири Ҷанубу Ғарбӣ, Тоҷикистон)» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, к. Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

00:43, 4th July 2024
«  Июн 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30