13 сентябри соли 2023, дар соати 15:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети механикаю матиматика (734027, ш. Душанбе, кӯчаи Буни - Ҳисорак, бинои 17, синфхонаи 216) ҳимояи диссертатсияи Тўйчиев Анварҷон Маҳмудҷонович дар мавзӯи «Ҳалли баъзе масъалаҳои экстремалии назарияи наздиккунӣ дар фазои гилбертӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисоси 6D060100 – Математика: 6D060101 - Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

17:57, 24th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930