- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Июл 2023
-
2895
13 сентябри соли 2023, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Мухамедова Шаҳло Файзуллоевна дар мавзӯи «Такмилдиҳии таҳсилоти математикии донишҷӯёни самтҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (илмҳои педагогӣ) (13.00.08.01 – Назария ва методикаи фанҳои дақиқ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.