9 декабри соли 2023, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 053 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, кучаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Комилов Исмоил Шарипович дар мавзӯи «Хусусиятҳои шароити кори табибони соҳаи ҷарроҳӣ дар шароити иқлими гарм» аз рӯйи ихтисоси 14.02.01 - Беҳдошти ва 14.02.03 - Тандурустии ҷамъиятӣ ва нигоҳдории тандурустӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, кучаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

02:19, 26th August 2024
«  Август 2024  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031