- Пурра
-
Санаи нашр: 16. Октябр 2023
-
2411
21 декабри соли 2023, соати 15:30 дар Шўрои диссертатсионии муштараки 6D.KOA-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна дар мавзўи « Таҳқиқоти таркиби унсурии аэрозоли атмосферӣ ва хоки Тоҷикистони ҷанубӣ ва марказӣ», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) (илмҳои физика ва математика) аз рўйи ихтисоси 25.00.30 – Обуҳовошиносӣ, иқлимшиносӣ, обуҳовошиносии кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.