- Пурра
-
Санаи нашр: 15. Ноябр 2023
-
1536
20-уми январи соли 2024, соати 13.00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Қурбонзода Аминҷон Давлаталӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кооперативҳои кишоварзӣ (аз рӯйи маводи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050608 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.