- Пурра
-
Санаи нашр: 18. Ноябр 2023
-
3616
25 январи соли 2024, соати 15:30 дар Шўрои диссертатсионии муштараки 6D.KOA-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Абдурахимов Бозор Хабибуллоевич дар мавзуи «Шароитҳои метеорологии ҳавзаҳои дарёҳои Помиру-Олой ва саҳми онҳо дар ташаккулёбии маҷрои дарёҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рўйи ихтисоси 25.00.30 - Метеорология, иқлимшиносӣ, агрометеорология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.