- Пурра
-
Санаи нашр: 14. Декабр 2023
-
1172
22 феврали соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Додарова Тобонбӣ Шерхоновна дар мавзуи «Мавзуъ ва хусусиятҳои бадеии ғазалиёти «Девони форсӣ»-и Алишери Навоӣ – Фонӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.