- Пурра
-
Санаи нашр: 15. Декабр 2023
-
1245
22 феврали соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 1, толори Шарифҷон Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Алимов Фирдавс Худойдодович дар мавзуи «Таҳлили сохторӣ-маъноӣ ва этимологии истилоҳоти тарҷумашиносӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.