- Пурра
-
Санаи нашр: 19. Декабр 2023
-
6912
5 марти соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Неъматов Рамазон Ҳусниддинович дар мавзуи «Ташаккули тамоюлҳои арзишҳои оилавии ҷавонон дар шароитҳои нави педагогӣ-иҷтимоӣ (дар мисоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 – «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 – «Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ») баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.