- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Январ 2024
-
684
11 марти соли 2024, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Мирзоев Далер Иномжонович дар мавзӯи «Асосҳои физикию химиявӣ ва технологии ҳосил кардани композитҳои таъйиноти махсус аз маводи хомашёи маҳаллии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.01 - Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.