- Пурра
-
Санаи нашр: 12. Январ 2024
-
577
07 майи соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шурои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллозода Зебонисо Файзулло дар мавзуи «Созишномаи арбитражӣ: масъалаҳои назария ва таҷриба» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.