- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Феврал 2024
-
953
21 майи соли 2024, соати 13:30 дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА-067-и назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-21) ҳимояи диссертатсияи Калонова Маҳина Ҷумабоевна дар мавзуи “Пажӯҳиши луғавӣ-маъноӣ ва сохтории вожагони забони тоҷикӣ дар назми асри XIV (дар мисоли ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Салмони Соваҷӣ)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.