Таърихи 17 июни соли 2022 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» ва намояндагони сохторҳои болоии ҳизбӣ, Ширинбекзода Садриддин - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон - и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ ва Иброҳимов Рамазон - сармутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.И.Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳамаҷониба матраҳ ва мусбат арзёбӣ гардид ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 мушаххас ва тасдиқ карда шуданд.

Пас аз муҳикимаю музокира бо пешниҳоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» такроран ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» Розиқзода А. ва ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» Муминзода Б. интихоб гардиданд.

Дар интиҳо, раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КОА» Розиқзода А. доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ва амсоли ин ибрози андеша намуда, таъкид бар он дошт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаю маорифпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қуллаҳои баланди музаффариятҳо хоҳад расид.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

16:18, 25th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930