- Пурра
-
Санаи нашр: 03. Август 2022
-
3769
03 августи соли 2022, соати 11 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. Дар нишаст раиси Комиссия Розиқзода А. бо гузориши мухтасар ва пурмуҳтаво дар назди ҳозирин дар бораи фаъолияти шашмоҳаи муассиса гузориш ва ба саволҳои хабарнигорон посухҳои дақиқу мушаххас дод.
Зимнан, нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма хуш пазируфта шуд.