Имрӯз Маҷлиси васеи Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023» таҳти раёсати раиси Комиссия, доктори илми таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми мамлакат, аъзои Раёсати Комиссия, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шӯроҳои экспертӣ, раисон ва котибони шӯроҳои диссертатсионӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони масъули Комиссия ва дигар меҳмонҳои даъватӣ иштирок доранд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси Комиссия маҷлиси васеъро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, бо рӯзнома шинос намуд.

Сипас, Маҷлиси Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Комиссия ҳисоботи раиси Комиссия «Дар бораи фаъолияти Комиссия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023»-ро шунида, қайд намуд.

Дар ҳисобот ба таври пурра фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва диссертатсионӣ, ҳимояи якдафъаина, тартиби додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ, муайян намудани асолати диссертатсияҳо аз барномаи компютерии «Антиплагиат», кори маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия, фаъолияти машваратӣ-тарғиботӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо, мукотибот ва муросилот, вазъи молиявӣ ва оид ба сатҳу сифати диссертатсияҳо маълумоти муфассал дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.

Таъкид гардид, ки барои таҳқиқоти илмӣ мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ бояд интихоб карда шаванд.

Дарёфт намудани роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба таҳқиқот дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ пешниод карда шуд. Таъкид гардид, ки диссертатсияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ба таври ҷиддӣ муҳокима гардида, гузориши довталаб дар ҷаласаҳои кафедра, шурои олимон, муассисаи пешбар шунида шаванд ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гиранд. Ба навгониҳои таҳқиқоти илмӣ, робита ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, пешниҳодҳои амалӣ, патенту ихтирооти муаллифӣ бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Тариқи онлайн пахш гардидани ҷараёни ҷаласаҳои шуроҳои диссертатсионӣ талаботи замон дониста шуда, чораҷӯӣ намудан дар ин самт аз афзалияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ маънидод карда мешавад.

Аз тарафи раиси Комиссия қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани нуфузи илми ватанӣ баррасии масъалаи баробарарзишии дипломҳои дараҷаҳои илмӣ ва шаҳодатномаи унвонҳои илмӣ дар хориҷи кишвар зарур дониста мешавад.

Ҳамзамон, ишора шуд, ки ҷараёни ба ҳимоя баромадани мансабдорону хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун қатъиян тибқи Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти  давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли2021, № АП-98) ба роҳ монда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар мамлакат 70 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд. Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо, аз ибтидои фаъолияти Комиссия то 31 декабри соли 2022 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1757 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 142 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1504 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 111 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

То 31 декабри соли 2022 ба 502 нафар занон, 323 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1117 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 32 нафар шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва 34 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дараҷаи илмӣ дода шудааст.

Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 49 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 5294 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 862 нафар доктори илм ва 4432 нафари номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Бурду бохти дигар самтҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бо мисолҳои мушаххас аз тарафи раиси Комиссия, доктори илми таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар музокираи масъалаи якуми рӯзнома сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Сафарзода Анвар Ислом, муовини якуми Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илми иқтисод, профессор Лутфулло Саидмуродзода, доктори илми педагогика, профессор Абдулбоқӣ Нуров, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ ва доктори илми тиб, профессор Саломуддин Юсуфӣ баромад карда, фаъолияти Комиссияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арёзбӣ намуданд.

Вобаста ба масъала қарори дахлдори Маҷлис қабул шуд.

 

Ҳамин тариқ, дар идома Нақшаи кории Комиссия барои соли 2023 низ бо назардошти таклифу иловаҳо тасдиқ шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

 

Дар ҷамъбасти маҷлис як қатор олимони ватанӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти Комиссия ва дастовардҳои назарраси илмӣ бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

 

Мавриди тазаккур аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои марбута, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

06:06, 24th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930