Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд-Комиссия) дар соли 2022 санаи 10 феврал, соати 11.00 дар толори Комиссия баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссия Розиқзода А.Ш., муовини раис Иброҳимзода Д.Э., саркотиби илмӣ Маъруфӣ Р.Н., мудирони шуъбаҳои аттестатсионӣ ва дигар кормандони масъул, намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар», «Ҷумҳурият»,«Народная газета», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», Радиои Тоҷикистон, радиоҳои «Ховар», «Садои Душанбе», «Озодӣ» ва телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «Душанбе» ширкат варзиданд.

Нишасти матбуотиро раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зикр намуд, ки Комиссия фаъолияти худро ҳафт сол муқаддам оғоз намуда, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар фазои илми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Сипас, раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. самтҳои асосии фаъолияти Комиссияро дар соли сипаришуда бо истифода аз ҷадвал ва слайдҳо мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, дар бораи фаъолият, натиҷаҳои кори шуроҳои диссертатсионӣ, масъалаҳои додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, теъдоди ҳиссаи занони дар шуроҳои диссертатсионӣ ҳимоякарда, фаъолияти шуроҳои экспертӣ, баробарарзишӣ (нострификатсия) ва азнаваттестатсиякунонии ҳуҷҷатҳои илмии дар хориҷи кишвар дарёфтгардида, маҷаллаҳои тақризшаванда ва масъалаҳои вобаста ба онҳо маълумоти муфассал ироа намуд. Дар гузориш бештар ба норасоиҳо ва иштибоҳҳои ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ хосбуда таъкид гардида, дар мавриди тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба ҳозирин шарҳу эзоҳи зарурӣ дода шуд. Гуфта шуд, ки ҳоло ҳам сатҳу сифати диссертатсияҳо беҳбудӣ мехоҳад, бахусус диссертатсияҳое, ки бо забони тоҷикӣ навишта мешаванд.

Иброз гардид, ки айни ҳол, дар назди шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия 15 Шурои экспертӣ амал мекунад.

Феълан дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 70 Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 169 ихтисосҳои анъанавӣ ва 169 ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба Комиссия ҷиҳати ташкили ҳимояи якдафъаина 40 дархост ворид гардида, 36 дархост тасдиқ, 2 дархост рад ва 2 дархост дар баррасӣ қарор дорад.

Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо, аз ибтидои фаъолияти Комиссия то 31 декабри соли 2022 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1757 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 142 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1504 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 111 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Комиссия 264 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз он 137 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия тасдиқ, 14 парванда рад ва 113 парвандаи дигар дар баррасии шуъбаҳои аттестатсионӣ ва шуроҳои экспертӣ қарор доранд.

То 31 декабри соли 2022 ба 502 нафар занон, 323 нафар кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1117 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 32 нафар шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ ва 34 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дараҷаҳои илмӣ дода шудааст.

Розиқзода А.Ш. дар идомаи суханони хеш таъкид намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 5294 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 862 нафар доктори илм ва 4432 нафар номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ин омор аз дақиқтарин рақами воқеӣ мебошад, ки аз манбаъҳои боэътимод ва таҳлилу қиёси Комиссия ҳосил шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти унвони илмӣ 142 дархост (аз ҷумла, 15 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор) ворид шудааст, ки аз онҳо 82 дархост қонеъ (11 дархост барои унвони профессорӣ), 15 дархост рад ва 45 дархост дар баррасӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Комиссия таъкид гардид, ки ҷараёни ба ҳимоя баромадани мансабдорону хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун қатъиян тибқи Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли2021, № АП-98) ба роҳ монда мешавад.

Раиси Комиссия қайд кард, ки барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда барномаи компютерии «Антиплагиат» васеъ истифода бурда мешавад. Истифодаи ин барнома имкон дод, ки ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор гардад, ки он як падидаи барои илм нанговар аст.

Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Комиссия дигар масъалаҳои самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баррасӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти Комиссия дар соли 2022 хеле муфассал бо таҳлилҳои ҳамаҷониба, бо овардани рақамҳои дақиқ ва ҷадвалу диаграммаҳо басо ҷолиб пешниҳод гардид ва аз ҷониби рӯзноманигорон хуш пазируфта шуд.

Сипас, саволу ҷавоби раиси Комиссия бо хабарнигорон оғоз гардид. Раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ба саволҳои хабарнигорон бо овардани далелу рақам посухҳои қонеъкунанда манзур намуданд.

Хушоянд аст, ки соли ҷорӣ нишасти матбуотии Комиссия мустақиман (онлайн) тариқи расонаҳои чопӣ ва электронӣ намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки Комиссия дар фаъолияти хеш таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамеша ба роҳбарӣ мегирад. Чунин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид аст: «Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияро риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ ташкил медиҳад. Дар доираи ин муқаррарот Комиссия кӯшиш мекунад, ки парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда ҳаматарафа ва воқеъбинона баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шаванд.

Роҳбарияти Комиссия барои таъмини тозагии илм ва пешгирии воридшавии шахсони тасодуфӣ ба он ва мубориза ба муқобили баъзе амалҳои номуносибу носавоб дар фазои илми кишвар рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

21:05, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930