- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Март 2023
-
3099
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) бораи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии он имрӯз бо ташаббуси Комиссия ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Дар кори он роҳбарияти Комиссия, подполковники адлия, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Турсунзода Шодком Худоймурод, раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ ширкат намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ раиси Комиссия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ҳадафи ташкил ва баргузор намудани ҷаласаи мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсия дар мамлакат вусъат дода мешавад.
Ҷаласаи имрӯза низ дар доираи амалишавии Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Комиссия ва Нақшаи чорабиниҳои Комиссия ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир мегардад. Мавриди зикр аст, ки Стратегияи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 тасдиқ гардидааст.
Дар баромади ифтитоҳии худ раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. иброз намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гашта, ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа халал мерасонад. Ин тамоюли номатлуб бунёди ҷомеаи демократиро заиф сохта, ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Таъкид гардид, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар тамоюлҳои барои илм бегонаву номатлуб Комиссия мунтазам тадбирҳои муассир меандешад. Мавсуф таъкид дошт, ки мутаассифона, имрӯзҳо хавфи коррупсия дар шуроҳои диссертатсионӣ зиёд шуда, дар ин самт роҳандозӣ намудани тадбирҳои мушаххасу муассир зарур аст. Овозаҳо ва сару садоҳои зиёд ба Комиссия мерасанд, ки аз ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар баъзе шуроҳои диссертатсионӣ дарак медиҳанд. Комиссия аз ҷониби худ ҳеҷ гоҳ ба ин падида роҳ намедиҳад ва бо он муборизаи беамон мебарад.
- Мушкили асосии коррупсия аз он иборат аст, ки вай ба сохторҳои идораи давлатӣ, иқтисоди миллӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва умуман, ба ҷомеа зарари калон мерасонад, - гуфт А.Розиқзода. - Баланд бардоштани сатҳи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби раисон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ тавассути ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тақозои замон маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Комиссия мунтазам мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони масъули мақомоти ҳизфи ҳуқуқ, нашр намудани маводи иттилоотӣ, мақолаҳои илмӣ ва баромад тавассути ВАО роҷеъ ба муқовимат ба коррупсия ташкил ва баргузор мегардад.
Сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.
Зарур дониста шуд, ки дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳамаи субъектони муқовимат ба коррупсия бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр намоянд.
Баланд бардоштани самаранокии кори шуроҳои диссертатсионӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ намудан аз хавфу хатарҳои амалҳои коррупсионӣ ҳангоми ташкил ва баргузор намудани ҳимояҳои диссертатсияҳо ва ба вуҷуд овардани фарҳанги муқовимат ба коррупсия аз ҷониби масъулин аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳим маънидод карда шуд.
Миёни иштирокчиён ва Турсунзода Ш.Х. вобаста ба рӯзномаи маҷлис мубодилаи озоди афкор сурат гирифта, ташкил гардидани чунин мулоқоти саривақтӣ аз ҷониби ҳозирин мусбат ва муфид арзёбӣ гардид.
Раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ба подполковники адлия Турсунзода Ш.Х. барои суҳбати пурмуҳтаво ва ҳадафмандонаю самимӣ изҳори сипос намуд. Мавсуф вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шуроҳои диссертатсиониро таъкид дошта, аз байн бурдани эҳтимолияти амалҳои коррупсиониро хосатан таъкид дошт.
Дар қисмати дигари машварат раиси Комиссия оид ба як қатор камбудиҳои такроршаванда дар парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо бо мисолҳои мушаххас баромад намуда, ислоҳи онҳоро ба манфиати кор донист.