Санаи 06 июл дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис, ки таҳти раёсати раиси Комиссия, доктори илми таърих Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ доир гардид, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода Анвар Ислом, муовини якуми Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Раёсати Комиссия, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони шуроҳои экспертӣ, як қатор раисони шуроҳои диссертатсионӣ, кормандони масъули Комиссия ва дигар меҳмонҳои даъватӣ иштирок намуданд.

Раиси Комиссия маҷлисро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва бо рӯзномаи он шинос намуд. Сипас, ҳисоботи раиси Комиссия «Дар бораи фаъолияти Комиссия дар нимсолаи аввали соли 2023» тариқи слайд ва техникаи муосир бо таҳлилу хулосабарориҳо манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар ҳисобот оид ба фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ, ҳимояҳои якдафъаинаи диссертатсияҳо, додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ, кори маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия, фаъолияти машваратӣ-тарғиботӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо, мукотибот ва муросилот, вазъи молиявӣ, дар бораи сатҳу сифати диссертатсияҳо маълумоти муфассал дода шуда, баррасии камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.

Дар маърӯза таъкид карда шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ бояд интихоб карда шаванд.

Зикр гардид, ки диссертатсияҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бояд ба таври ҷиддӣ муҳокима гардида, гузориши довталабон дар ҷаласаҳои кафедраҳо, шуроҳои олимон, муассисаи пешбар шунида шаванд ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гиранд. Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар тамоюлҳои барои илм бегонаву номатлуб таъкид карда шуд.

Аз тарафи раиси Комиссия қайд гардид, ки баҳри солимгардонии муносибати байни олимон, решакан намудани зиддият, кинаю адовал, қассосгирии аёну ноаён, маҳалгароӣ ва арзу шикоятнависии асосноку беасос аз болои ҳамдигар ба таври мунтазам бояд иқдомҳои муассир рӯйи кор оянд.

Баланд бардоштани масъулияти роҳбарон (мушовирон)-и илмӣ оид ба беҳтар намудани сифати таҳқиқот, таҳияи диссертатсияҳо ва баҳогузории муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар ба сатҳу сифати диссертатсияҳо бояд воқеъбинона, амиқ ва бо тавсияҳои судманд амалӣ гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 74 шурои диссертатсонӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос қабул ва баррасӣ менамоянд.

Сарфи назар аз таъкидҳои чандинкаратаи Комиссия, ҳоло ҳам дар фаъолияти баъзе шуроҳои диссертатсионӣ падидаҳои хунукназариву бемасъулиятӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ мушоҳида гардида, расмиёти ҳимоя ва тартиби барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дағалона вайрон карда мешаванд. Ҳолатҳое ошкор гардиданд, ки шурои диссертатсионӣ ба амалҳои номатлубу барои илм бегона даст зада, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ дидаю дониста, ба сохтакории интишороти илмии довталабон ва дигар ҳуҷҷатҳо машғул шудааст.

Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳо, ки барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ масъул мебошанд, пурзӯр намудани назорат дар ин самт тақозо карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба Комиссия ҷиҳати ташкили ҳимояи якдафъаина 20 дархост ворид гардида, 10 дархост тасдиқ ва 4 дархост дар баррасӣ қарор дорад.

Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо аз ибтидои фаъолияти Комиссия то 30 июни соли 2023 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 2112 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 170 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1790 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 152 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 1694 диссертатсия тасдиқ шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бошад, ба Комиссия 470 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз он 255 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия тасдиқ, 30 парванда рад ва 185 парвандаи дигар дар баррасии шуъбаҳои аттестатсионӣ ва шуроҳои экспертӣ қарор доранд.

Бино ба иттилои раиси Комиссия, алҳол дар ҷумҳурӣ 5545 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 877 нафар доктори илм, 4548 нафар номзади илм ва 120 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Синну соли миёнаи доктори илм ба 65, номзади илм ба 51 ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 32 рост меояд.

Самти дигари асосии фаъолияти Комиссия додани унвонҳои илмӣ мебошад. Аз ибтидо то 30 июни соли 2023 ба Комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 867 дархост ворид шудааст, ки аз онҳо 633 дархост қонеъ, 178 дархост рад карда шуда, 56 дархост дар баррасӣ қарор доранд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳияи Феҳрист ва мониторинги маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 52 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.

Дар самти коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия иттилоъ дода шуд, ки санаи 29 июни соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа тасдиқ гардиданд ва албатта онҳо барои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз дастовардҳои назарраси илмӣ дар давраи ҳисоботӣ бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 28 феврали соли 2023, №475-р ба тасвиб расидани Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ маҳсуб мегардад.

Инчунин, бурду бохти дигар самтҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бо мисолҳои мушаххас аз тарафи раиси Комиссия, доктори илми таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъд аз шунидани ҳисобот сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ислом, муовини якуми Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илмҳои физикаю математика Абдуманнон Сатторов ва доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷонов дар музокира баромад карда, фаъолияти Комиссияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ роҳбарият ва кормандони Комиссия минбаъд низ тамоми дониш ва кӯшишу ғайрати худро равона мекунанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаҳои марбута, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

19:45, 25th November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930