- Пурра
-
Санаи нашр: 13. Июл 2023
-
3490
Санаи 10-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ ва аҳли зиё, профессорон ва аъзои шуроҳои диссертатсионии муассисаи таҳсилоти олии касбии вилоят семинари таълимӣ бо мақсади омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №295 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267” баргузор гардид.
Дар кори семинар ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, директори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, доктори илмҳои иқтисодӣ Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ахмедов Усмон низ иштирок намуданд.
Ҷаласаро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ намуда, миннатдории ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти омода намудани кадрҳои соҳибдараҷаву соҳибунвон ва ташкили Шуроҳои диссертатсионӣ иброз кард.
Таъкид гардид, ки яке аз падидаҳои нек ва дастоварди бузурги самти илм дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба фаъолият оғоз намудани ин ниҳоди барои ҷомеаи илмии кишвар зарур ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳамаи самтҳои илм такони ҷиддӣ бахшид. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат таъсиси ёфтани ин ниҳод ба олимони ҷавон ва муҳаққиқон имконият фароҳам овард, ки дар Ватани хеш ба кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, рисолаҳои номзадӣ ва докториро дар шуроҳои тахассусии диссертатсионӣ дифоъ карда, соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ гарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду соли охир 43 рисолаи номзадиву докторӣ дар шуроҳои амалкунандаи назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо муваффақият дифоъ гардиданд. Дар ду маҷаллаи илмии донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои илмҳои гуманитариву ҷомеашиносӣ ва табиатшиносиву иқтисодӣ танҳо дар зарфи ду соли охир 497 мақолаи илмии устодону олимони донишгоҳ ва дигар марказҳои илмии бонуфузи мамлакат ба нашр расидаанд.
Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои таърих Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ зимни баромади худ қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза бо дастуру ҳидояти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Комиссия бо омӯзгорон ва олимону донишмандони донишгоҳҳои вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.
Мавсуф зимни суханронии хеш аз таърихи бунёди ин ниҳоди илмӣ хотиррасон гардида, иброз намуд, ки ин ҳама самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ қадами устувор маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки мақсади мулоқот низ омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №295 аз санаи 26.06.2023 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267, инчунин муҳокима ва баррасии масъалаҳои корӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шуроҳои диссетатсионӣ ва пешниҳоди парвандаҳои аттестатсионӣ ба Комиссия мебошад.
Дар идома тариқи слайд фаъолияти шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд ҳамаҷониба мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд. Дар идомаи семинар баъзе аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони илмии Шурои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қаламрави вилоят бо мисолҳои мушаххас баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки дар тарбияи шогирдон набояд ба шитобкорӣ роҳ диҳем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки рисолаи илмӣ аз зинаҳои ибтидоӣ коркард шуда, то рӯзи ҳимоя ба талаботи Комиссия мувофиқ гардонида шавад.
Самти дигари фаъолияти Комиссия сазовор донистани мутахассисон ба унвонҳои илмӣ (дотсентӣ, профессорӣ) маҳсуб ёфта, он вобаста ба дастоварду натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дода мешавад. Аз ин лиҳоз, аз раисони Шуроҳои олимони донишгоҳ хоҳиш карда шуд, ки дар пешниҳоди парвандаҳои аттестатсионии довталабони дарёфти унвонҳои илмӣ серталабиро пеша намуда, ҷиҳати пешниҳоди довталабони арзанда кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ дигар масъалаҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, беҳтар намудани сифати диссертатсияҳои номзадӣ; таълифи диссертатсияҳо дар доираи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025; таҳлили ҳаматарафи диссертатсия дар ҷаласаҳои кафедра ва шурои олимони факултет; интихоби мавзуъҳои мубрам ва ҳалталаб; қабл аз ҳимоя тафтиши диссертатсия бо барномаи “Антиплагиат”; ҷиддӣ ба роҳ мондани таҳлили диссертатсия дар комиссияи ташхисӣ; эътибори хоса зоҳир намудан ба забони таҳияи диссертатсияҳо ва ғайра.
Гуфта шуд, ки аз ибтидои фаъолият то 30 июни соли 2023 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 2112 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ба Комиссия ворид шудааст. Аз ин теъдод 170 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1790 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 152 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 1694 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки аз он 144 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1437 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 113 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.
Дар маҷмуъ, то имрӯз 233 қарорҳои ШД доир ба додани дараҷаи илмӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда бекор карда шудааст. Аз 233 диссертатсияи радшуда 112-тоашро диссертатсияҳои ба забони тоҷикӣ ҳимояшуда ва 121-тоашро диссертатсияҳои ба забони русӣ ҳимояшуда ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои раиси Комиссия, алҳол дар ҷумҳурӣ 5545 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 877 нафар доктори илм, 4548 нафар номзади илм ва 120 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Синну соли миёнаи доктори илм ба 65, номзади илм ба 51 ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 32 рост меояд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳияи Феҳрист ва мониторинги маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 52 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.
Инчунин, бурду бохти дигар самтҳои аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бо мисолҳои мушаххас аз тарафи раиси Комиссия, доктори илми таърих Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фароварди сухан зикр гардид, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар тӯли 90-соли мавҷудияти худ дар роҳи рушду камоли маънавии халқ тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Дастовардҳои донишгоҳ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба, тадқиқи соҳаҳои мухталифи илм, ба камол расонидани ходимони маъруфи илму адаб ва арбобони сиёсиву давлатӣ боиси сарфарозии сокинони Тоҷикистон гардидааст
Дар музокира Шавкат Шарипов – номзади илмои таърих, дотсент, раиси Шурои собиқадорони донишгоҳ баромад намуда, қайд кард, ки дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ мо бояд дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар мадди аввал гузошта, барои пешрафти илми тоҷик ва нигаҳдории нуфузи Донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мавсуф аз мақолаи раиси Комиссия “Бо афсона гуфтан давлат пеш намеравад” ёдовар шуда, қайд кард, ки мо бояд садди роҳи корҳои камарзиш ва суст гардида, ба сирқат (асардуздӣ) роҳ надиҳем. Рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда аз зинаҳои аввал, яъне аз кафедра мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуда, масъулияти роҳбар, унвонҷӯ ва кафедра зиёдтар карда шавад.
Туғрал Шокиров – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикӣ зимни музокира қайд намуд, ки пеш аз ҳама бо шарофати Истиқлоли миллӣ ва дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳадафҳои бузурги миллӣ ин ниҳоди миллии илмӣ барои таҳкими пояҳои миллӣ таъсис ёфт. Таъсиси ин ниҳод барои пешрафти илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ такони ҷиддӣ гузошт ва мушкилиҳои зиёдеро ҳал кард. Аз ҷумла, барои таҳияи рисолаҳо бо забони давлатӣ имкон фароҳам овард.
Шарифзода Мумин Машокир – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба сухан баромада, иброз намуд, ки мақсад аз таъсиси ин ниҳод илмӣ - баланд бардоштани потенсиали илмии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, хусусан барои ҳайати профессорону омӯзгорон вазифаи муқаддас ҳисобида шуда, камбудиву норасоиҳо бартарафшаванда ҳастанд ва барои аз байн бурдани норасогиҳои мазкур бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Минбаъд низ барои рисолаҳои номзадиву докторӣ мавзуъҳои наздик ба истеҳсолотро пешниҳод намоем ва барои татбиқи Барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳои миллӣ саҳмгузор бошем.
Мавсуф зимни баромад таҷдиди бюллетени Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақтӣ ҳисобид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи баргузории ҷаласаи ғайринавбатии шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чунин семинари муфиди илмӣ дар донишгоҳи мазкур бо иштироки Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад - саркотиби илмии Комиссия ташкил ва баргузор гардид.
Мулоқотро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, муовини раиси шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризоқулов Т.Р. ҳусни оғоз бахшид.
Саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Р.Н. маърӯзаи худро ҷиҳати омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда», ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба ин санадҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №295 тасдиқ гардидааст ва иҷрои дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи соҳавӣ тариқи слайд ва техникаи муосир бо таҳлилу хулосабарориҳо манзури ҳозирин гардонид.
Дар кори семинар-машварат оид ба фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ, сатҳу сифати диссертатсияҳо, масъалаҳои тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо, парвандаҳои аттестатсионӣ маълумоти муфассал дода шуда, баррасии камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 74 шурои диссертатсонӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос қабул ва баррасӣ менамоянд.
Саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Р.Н. иброз дошт, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ роҳбарият ва кормандони Комиссия минбаъд низ тамоми дониш ва кӯшишу ғайрати худро равона мекунанд.
Дар ҷараёни кори семинар-машварат Бобоҷонов Д.Д., Раҳимов А.М., Тоҷибоева Д.Э., Исомитдинов Ж.Б., Газибеков С.А., Азимов А.Ҷ., Камолова М.Ф., Шарипова М.З., Ҳасанова М.И. ва дигарон ба саволҳои худ аз масъулин посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Мулоқот дар доираи баргузории ҷаласаи ғайринавбатии шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.
Баргузории чунин семинар-машваратҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ аз ҷониби Комиссия ба ҳукми анъана даромада, дар дигар минтақаҳои мамлакат низ доир карда мешавад.