- Пурра
-
Санаи нашр: 09. Август 2023
-
3176
Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд-Комиссия) дар нимсолаи аввали соли 2023 санаи 09 август, соати 08:00 дар толори Комиссия баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссия Розиқзода А.Ш., муовини раис Иброҳимзода Д.Э., саркотиби илмӣ Маъруфӣ Р.Н. ва дигар кормандони масъул, намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон, радиоҳои «Ховар», «Садои Душанбе», «Озодӣ» ва телевизионҳои «Илм ва табиат» ва «Душанбе» ширкат варзиданд.
Дар нишасти матбуотӣ сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. ҳузур дошт.
Нишасти матбуотиро раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ёдовар гардид, ки Комиссия фаъолияти худро соли 2014 оғоз намуда, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар фазои илми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Қабл аз ҳама, иброз гардид, ки Комиссия фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои марбута, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Дар нишаст оид ба фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ, ҳимояҳои якдафъаинаи диссертатсияҳо, додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ, кори маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия, фаъолияти машваратӣ-тарғиботӣ, дар бораи сатҳу сифати диссертатсияҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ мавзуъҳои мубрам ва созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ бояд интихоб карда шаванд.
Зикр гардид, ки диссертатсияҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бояд ба таври ҷиддӣ муҳокима гардида, гузориши довталабон дар ҷаласаҳои кафедраҳо, шуроҳои олимон, муассисаи пешбар шунида шаванд ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гиранд. Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар тамоюлҳои барои илм бегонаву номатлуб таъкид карда шуд.
Аз тарафи раиси Комиссия қайд гардид, ки баҳри солимгардонии муносибати байни олимон, решакан намудани зиддият, кинаю адоват, қассосгирии аёну ноаён, маҳалгароӣ ва арзу шикоятнависии асосноку беасос аз болои ҳамдигар ба таври мунтазам бояд иқдомҳои муассир рӯйи кор оянд.
Баланд бардоштани масъулияти роҳбарон (мушовирон)-и илмӣ оид ба беҳтар намудани сифати таҳқиқот, таҳияи диссертатсияҳо ва баҳогузории муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар ба сатҳу сифати диссертатсияҳо бояд воқеъбинона, амиқ ва бо тавсияҳои судманд амалӣ гардад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 74 шурои диссертатсонӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос қабул ва баррасӣ менамоянд.
Сарфи назар аз таъкидҳои чандинкаратаи Комиссия, ҳоло ҳам дар фаъолияти баъзе шуроҳои диссертатсионӣ падидаҳои хунукназариву бемасъулиятӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ мушоҳида гардида, расмиёти ҳимоя ва тартиби барасмиятдарории парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дағалона вайрон карда мешаванд. Ҳолатҳое ошкор гардиданд, ки шурои диссертатсионӣ ба амалҳои номатлубу барои илм бегона даст зада, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ дидаю дониста, ба сохтакории интишороти илмии довталабон ва дигар ҳуҷҷатҳо машғул шудааст.
Аз ин рӯ, аз роҳбарони муассисаҳо, ки барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ масъул мебошанд, пурзӯр намудани назорат дар ин самт тақозо карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба Комиссия ҷиҳати ташкили ҳимояи якдафъаина 20 дархост ворид гардида, 10 дархост тасдиқ ва 4 дархост дар баррасӣ қарор дорад.
Дар самти ҳимояи диссертатсияҳо аз ибтидои фаъолияти Комиссия то 30 июни соли 2023 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 2112 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шудааст. Аз ин теъдод 170 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1790 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 152 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 1694 диссертатсия тасдиқ шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бошад, ба Комиссия 470 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз он 255 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия тасдиқ, 30 парванда рад ва 185 парвандаи дигар дар баррасии шуъбаҳои аттестатсионӣ ва шуроҳои экспертӣ қарор доранд.
Бино ба иттилои раиси Комиссия, алҳол дар ҷумҳурӣ 5545 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 877 нафар доктори илм, 4548 нафар номзади илм ва 120 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Синну соли миёнаи доктори илм ба 65, номзади илм ба 51 ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба 32 рост меояд.
Самти дигари асосии фаъолияти Комиссия додани унвонҳои илмӣ мебошад. Аз ибтидо то 30 июни соли 2023 ба Комиссия аз тарафи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 861 дархост ворид шудааст, ки аз онҳо 633 дархост қонеъ, 178 дархост рад карда шуда, 50 дархост дар баррасӣ қарор доранд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия таҳияи Феҳрист ва мониторинги маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 52 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.
Яке аз дастовардҳои назарраси илмӣ дар давраи ҳисоботӣ бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 28 феврали соли 2023, №475-р ба тасвиб расидани Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ маҳсуб мегардад.
Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Комиссия таъкид гардид, ки ҷараёни ба ҳимоя баромадани мансабдорону хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун қатъиян тибқи Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, № АП-98) ба роҳ монда мешавад.
Баъди гузориши мухтасари А.Розиқзода саволу ҷавоб оғоз гардид. Хабарнигорони радиои “Озодӣ”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Тоҷикистон”, рӯзномаи “Садои мардум”, телевизиони “Душанбе” дар бораи масъалаҳои камтаваҷҷуҳии ҷавонон нисбат ба таҳқиқоти илмӣ; сабабҳои асосии радшавии диссертатсияҳои довталабон; сатҳи ҳамкориҳои Комиссия бо КОА-ҳои кишварҳои хориҷӣ; сабабҳои кам будани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳаи геология, ки барои кишвар хеле мубрам аст; масъалаи пахши мустақими маҷлиси ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва мушкилоти он; дертар дастрас гардидани тағйиру иловаҳо ба масъулони шуроҳои диссертатсионӣ ва бо ин сабаб дар Комиссия баргардонидани диссертатсияҳо саволҳои худро матраҳ намуданд.
Раиси Комиссия ба саволҳои матраҳгардида бо истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, маълумотҳои ҳисоботию оморӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода, дар хотима воситаҳои ахбори оммаро чун радиои “Тоҷикистон” ба ҳамкориҳои фаъолона даъват намуд.