- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Октябр 2023
-
3000
Имрӯз дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи идона раиси Комиссия Абдулҳаким Розиқзода дар мавзуи “Аз таърихи ташаккули забони тоҷикӣ” баромад намуда, доир ба марҳилаҳои таърихии ташаккули забони тоҷикӣ, нақши мондагор ва босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофу таҳкими забони давлатӣ андешаю таҳлилҳои илман асоснокро иброз намуд.
Бо иқтибос аз Пешвои муаззами миллат ва таъкид аз хизматҳои шоистаашон гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба насли имрӯз мерос гузоштаанд.
Дар идомаи ҷаласа олимону мутахассисони соҳа Илҳомҷон Ҳамидиён ва Ҷӯрабой Шарифзода оид ба аҳаммияти забони давлатӣ ва истифодаи он дар васоити ахбори омма бо гузоришҳои кӯтоҳи илмӣ баромад намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати бенуқсон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ кормандони Комиссия Фараҳманд Аҳмадов ва Меҳрдод Ёров бо мукофоти соҳавии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Азиза Убайдзода бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси Комиссия А.Розиқзода бори дигар иброз дошт, ки барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ ба маънои арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш дониста мешавад.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона шодбош мегӯяд.