- Пурра
-
Санаи нашр: 19. Декабр 2023
-
2602
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 декабри соли 2023 семинари машваратӣ-омӯзишӣ бо иштироки котибони илмии шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар семинар тағйиру иловаҳои воридгардида ба қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда” аз 30 июни соли 2021, №267 ва дигар муқаррарот ба ҳозирин фаҳмонида шуд. Дар ҷараёни он мубодилаи муфиди афкор барпо шуд ва ба саволҳои иштирокдорони семинар масъулини Комиссия ҷавобҳои асосноку қонеъкунанда гардониданд.