- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Январ 2024
-
1670
Санаи 09 январи соли 2024 дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2023, №26/10-447 бо мақсади дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18 марти соли 2015, №1197 бо иштироки намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ маҷлиси гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Зимни баррасии масъала гуфта шуд, ки азбаски қонуни мазкур моҳи марти соли 2015 қабул гардида буд, зарурати такмил додану таҷдиди назар кардани он ба миён омадааст. Илова бар ин, пас аз қабули қонуни мазкур дар кишвар як қатор мақомоти давлатии нав таъсис дода шуданд, ки мушаххассозии ваколатҳои онҳо амри зарурӣ мебошад. Ғайр аз ин, масъалаҳои дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо ба таҳия ва қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав вобаста мебошанд.
Ин ва дигар масъалаҳои марбута дар маҷлиси гурӯҳи корӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ муҳокима ва баррасӣ гардиданд.