Довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ба дилхоҳ шӯрои диссертатсионӣ дархост пешниҳод карда метавонад?

Мутобиқи банди 21-и «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26   ноябри соли 2016 № 505 (минбаъд - Тартиб) довталаби дараҷаи илмӣ метавонад диссертатсияи диссертатсиониро барои дифоъ ба  дилхоҳ  шўрои  диссертатсионӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат ихтисоси илмие, ки диссертатсияи диссертатсионӣ аз рўйи  он  иҷро  шудааст,  бояд  ба  ихтисоси  илмӣ  ва  соҳаи  илмии шӯрои  диссертатсионие,  ки  аз  тарафи КОА ба ӯ ҳуқуқи  баргузории ҳимояи диссертатсияҳо дода шудааст, мутобиқ бошад.

Шӯрои диссертатсионӣ аз қабули диссертатсия барои ҳимоя худдорӣ менамояд. Оё ин амал қонунӣ аст?

Дар банди 27-и «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)» номгӯйи пурраи асосҳои рад гардидани қабули диссертатсия барои ҳимоя дарҷ гардидааст:

- номутобиқатии довталаби дараҷаи илмӣ ба талаботе, ки барои иҷозат додани диссертатсияи он барои ҳимоя заруранд;

-номутобиқати мавзӯъ ва муњтавои диссертатсия ба ихтисоси илмӣ ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он ба шӯрои диссертатсионӣ ҳуқуқи қабули диссертатсия барои ҳимоя вогузор гардидааст ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 88 Тартиб пешбинӣ шудааст;

-риоя нагардидани талаботи нисбат ба интишори натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия, ки дар бандҳои 8 ва 11 Тартиб пешбинӣ шудааст;

-дар диссертатсия истифода намудани маводи иқтибосӣ бидуни ишора ба муаллиф ва (ё) манбаи иқтибос ва натиҷаҳои корҳои илмии дар ҳаммуаллифӣ иҷрокардаи довталаби дараҷаи илмӣ бидуни ишора ба ҳаммуаллифон;

-аз тарафи довталаби дараҷаи илмӣ пешниҳод гардидани маълумоти беэътимод оид ба корҳои интишорнамудаи вай, ки зимнаш

натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ шудаанд;

-пешниҳод гардидани диссертатсия аз тарафи шахсе, ки мутобиқи банди 22 ҳамин Тартиб барои ӯ барои њимоя пешниҳод кардани диссертатсия дар ҳамин шўрои диссертатсионӣ манъ мебошад.

Дар дигар ҳолатҳо, рад гардидани қабули диссертатсия барои ҳимоя ғайрқонунӣ мебошад.

 Ҳангоми ҳимояи диссертатсия ба вайрон намудани тартиби ҳимояи диссертатсия роҳ дода шудааст ки ба воқеъбинона будани қабули қарор таъсир расонидааст. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

 

Дар ҳолати роҳ додан ба вайрон кардани тартиби пешниҳоди диссертатсия барои ҳимоя ва ҳимояи диссертатсия, дар муддати ду моҳ аз рӯзи қабул шудани қарор аз тарафи Шӯрои диссертатсионӣ шикоятнома пешниҳод кардан мумкин аст (то дастрас шудани дипломи дараҷаи илмӣ). Муҳтавои шикоятнома, тартиб ва муҳлати пешниҳоди он дар қисми V «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)», ки бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26   ноябри соли 2016 № 505 тасдиқ гардидааст, муқаррар карда шудааст.

Оё собиқаи кори бефосила дар вазифаи профессор (дотсент) ҳангоми гузариш ба кафедраи дигар дар ҳамон муассиса (дар муассисаҳои гуногун) нигоҳ дошта мешавад?

 

Мутобиқи бандҳои 114, 115, 116, 117, 120, 121, 122, 123, 124 ва 125-и «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)», довталаби дарёфти унвони илмӣ бояд дар вазифаҳое, ки дар бандҳои 121 ва 124-и «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)»  пешбинӣ гаштаанд, дар муасисае, ки ӯро барои дарёфти унвони илмӣ пешниҳод мекунад, дар муддати на кам аз 3 сол ба таври бефосила кор кунад.

Гузариш ба кафедраи дигари дар ҳамон муассиса ба вазифаи қаблан ишғолкардашуда ё вазифаи дар бандҳои дар боло дарҷгардидаи «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор)»  боиси қатъ гаштани собиқаи кории омӯзгор намегардад ва пас аз гузашти 3 соли собиқаи корӣ,  довталаби дарёфти унвони илмӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ин вазифаҳо барои дарёфти унвони дархостшуда бо риояи меъёрҳо ва дигар талаботе, ки барои шахси довталаби дарёфти унвони илмӣ муқаррар карда шудааст, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

21:11, 22nd November 2024
«  Ноябр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930