Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, бо мақсади аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ таъсис дода шудааст.
Номи кӯтоҳи муассиса Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) мебошад.
Низомномаи КОА бо нишон додани сохтор ва шумораи кормандони он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
КОА дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Низомномаи КОА-ро ба роҳбарӣ мегирад.