Нусха аз протоколи № 4

Ҷаласаи раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2018

қарор карда шуд:

1. Ба рӯйхати маҷаллаҳои (интишороти) тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаҳои илмии зерин ворид карда шаванд:

- Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи илмҳои биология ва тиб, соли нашр – 1952 (4), ISSN-0002-3477);

- Муаррих (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, соли нашр – 2015 (4), ISSN-2789294-8);

- Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон (Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли нашр – 1933 (4), ISSN-0514-2415);

- Паёми таълимоти баъдидипломии соҳаи тандурустӣ (Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, соли нашр – 2011 (4), ISSN-2307-6461);

- Суханшиносӣ (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рудакии АИ ҶТ, соли нашр – 2010 (4), ISSN-2308-7420).

- Маҷаллаҳои илмие, ки дар хориҷи мамлакат ба табъ расида, ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Федератсияи Русия шомиланд;

- Интишороти илмии тақризшавандаи ба пойгоҳи додаҳои реферативӣ ва системаҳои иқтибосии байналмилалӣ (Web of Sciense, Scopus, Astrophisics Data System, PubMed, MathSciNet, zbMATH,  Chemical Abstracts, Springer, Agris, Georef) шомилбуда;

- Интишороти илмӣ-байналмилалии импакт-факторӣ ғайринулидошта мутобиқи пойгоҳи додаҳои ширкати Томсон Рейтерс.

 2. Ҳаққи қалами эксперҳо барои баррасии диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос 250 с. (дусаду панҷоҳ сомонӣ) ва барои баррасии диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм 350 с. (сесаду панҷоҳ сомонӣ) муқаррар карда шавад.

3. Музди меҳнати котибони илмии шӯроҳои экспертӣ барои ҳар як ҷаласа 80 с. (ҳаштод сомонӣ) муқаррар карда шавад.

Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Дастурамали баробарарзиши (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳо оид ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ ба дастовардашуда, чунин

қарор карда шуд:

1. Аз бандҳои 1 ва 2 ибораи «бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътироф ва баробарарзишии (нострификатсия) ин гуна ҳуҷҷатҳо шартномадошта» хориҷ карда шавад.

2. Банди сеюм пурра хориҷ карда шавад.

3. Банди шашум ҷунин ифода карда шавад:

«6. Дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, аз баробарарзишӣ (нострификатсия) гузаронида шудаанд ва ба онҳо тибқи тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома дар бораи баробарарзишӣ (нострификатсия) дода шудааст, баробар ба муодили онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, танҳо бо қарори мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор ҳисобида мешавад.».

4. Дар банди ҳафтум пас аз нохунак ибораи «дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ» илова карда шавад.

 

Раиси Комиссия                                             А Розиқзода

Котиби илмӣ                                                  Ш. Халилов

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

19:10, 22nd December 2024
«  Декабр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031