5 декабри соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Парвинаи Усмони Сафарзода дар мавзӯи «Асосҳои педагогии ташаккули малакаи кори мустақилонаи хонандагон дар таълими фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа PhD-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011000 – “Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (физика, таҳсилоти миёнаи умумӣ). баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

15:37, 31st May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031