- Пурра
-
Санаи нашр: 05. Март 2021
-
4130
25 июни соли 2021, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Холов Назармуҳаммад Ёрмаҳмадович дар мавзӯи «Абулфазли Миколӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти арабизабони Нишопури нимаи дуюми асри Х – нимаи аввали асри XI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси ихтисоси 10.02.14 – Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.