- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Июн 2021
-
2772
13 сентябри соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ҳакимов Искандар Бозорович дар мавзӯи «Рафтори анодӣ ва оксидшавии хӯлаи руҳ-алюминийи Zn22Al, ки бо хром, манган ва никел ҷавҳаронидашуда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АМИТ ва дар китобхонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин бо нишонии 734063, ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.