- Пурра
-
Санаи нашр: 24. Июн 2021
-
2777
23 октябри соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Камолов Бахтиёр Ҷамолович дар мавзӯи «Ташаккули салоҳиятнокии коммуникативии донишҷӯён-варзишгарони варзиши сабук дар муҳити иттилоотӣ-таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.