- Пурра
-
Санаи нашр: 08. Июл 2022
-
2218
15 сентябри соли 2022, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи 503) ҳимояи диссертатсияи Усмониён Нозила Усмон дар мавзуи «Меҳринисо ва хусусиятҳои мавзуӣ, бадеӣ ва сабкии ашъори ӯ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.