- Пурра
-
Санаи нашр: 16. Сентябр 2022
-
1944
20 декабри соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17) ҳимояи диссертатсияи Ҷамшедзода Комрон Ҷамшед дар мавзуи “Техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёри ҳуқуқии ҶТ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.